Ҳуҷҷати сарнавиштсоз

Имрӯз 04 ноябри соли 2025 бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди Роҳбарияти суди ноҳия бо донишҷӯёни колеҷи тиббии ноҳия доир шуд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Суди ноҳия Исозода Баҳодур Чиллахон кушода, ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи мамлакат табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, замони вазнини бенизомиву беқонунӣ қабул гардида аст. 6 ноябри соли 1994 ҳамчун рӯйдоди дорои аҳамияти таърихиву сиёсӣ ва фаромӯшнашаванда барои абад дар саҳифаи таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Мустаҳкамтарин пояи давлат Конститутсия ба шумор рафта, бе низоми ҳуқуқӣ ва бе танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ягон давлат наметавонад пойдору устувор боқӣ монад.
Исозода Баҳодур қайд намуданд, ки маҳз қабули ин санади олӣ ба устувории муносибатҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ кафолати комили амалишавӣ медиҳад. Тaҷрибaи қaбули Конститутсия дaр дaвлaтҳои ҷaҳон, aз ҷумлa дaр Тоҷикистони мо бaръaло нишон медиҳaд, ки он ҳaмчун ҳуҷҷaти бисёр муҳими сиёсӣ вa сaнaди олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли дaвлaтӣ робитaи ногусaстaнӣ дорaд.
Дар интиҳо аз тарафи Роҳбарияти Суди ноҳия доир ба бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суолҳо пешниҳод гардида, ба донишҷӯёни фаъол ва ҳозирҷавоб китоби Конститутсия тӯфа карда шуд.