ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

23.10.2025
Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони Мақомоти Судӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони соҳавӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай кушода, ҳамаи кормандон, собиқадорони мақомоти судии ноҳияро ба Рӯзи иди касбиашон табрику таҳният гуфта, нақши онҳоро дар таъмин намудани адолати судӣ, риоя ва иҷрои талаботҳои Конститутсияи кишвар муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Баъдан, раиси Суди ноҳия Исозода Баҳодур Чиллахон ба сухан баромада, қайд намуданд, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдории Тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзия он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Масоили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Қонуни асосӣ мавқеи муҳимро ишғол намуда, инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст. Ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои нсон ва шахрвандро тавассути мақомоти судӣ кафолат додааст.
Аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба кормандон ва собиқадорони мақомоти судии ноҳия Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ як зумра ҳунармандони эстрадаи тоҷик Саъдии Буризод, Толиб Абдуллоев ва гуруҳи ҳаҷвии «Ғарибшоҳ» табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 
