Таҷлили “Рўзи кормандони милитсия” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 10.11.2025

Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов ба ифтихори “Рӯзи милитсияи тоҷик” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона муовини якуми раиси ноҳия Сафарзода Мансур, муовинони соҳавӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Маросими идона бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷикро бо сухани табрикӣ муовини якуми раиси ноҳия Сафарзода Мансур оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин санаи муҳим табрику муборакбод намуданд.
Зимни баромади худ қайд намуданд, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Тавҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.Аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.
Баъдан сардори ШВКД дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Рамазон Бозор суханронӣ намуда, зикр карданд, ки воқеан ҳам, ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидаанд.
Баъдан, сухани табрикотии раиси Суди ноҳия Исозода Баҳодур Чиллахон шунида шуд. Раиси Суди Исозода Б., ҳамаи ҳомиёни боэътимоди давлату миллат, кормандони миллитсияи ноҳияро ба Рӯзи иди касбиашон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки кормандони мақомоти дохилӣ дар мубориза ба муқобили ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ дар сафи пеш қарор дошта, баҳри таъмини сулҳу суббот, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар охири чорабинӣ ба як зумра кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа медалҳои ҷашнӣ ва “Сипоснома”-ҳо супорида шуд.
Дастаи ҳунармандони Филармонияи мардумии ноҳия бо суруду таронаҳои дилошуби худ хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.
Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 
