Вахдати милли — ин суботу оромист

«Бо итминони комил ва бо ифтихор изхор медорам, ки Вахдати милли самараи талошхои ватандустонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халки Точикистон мебошад ва махз ба хамин хотир мо вазифадорем, ки ин немати бебахоро мисли гавхараки чашм азизу гиромй дорем ва хифзу нигахдорй намоем» Эмомалй Рахмон Вахдати милли дастоварди замони истиклол буда, Ватанро аз нестшави, миллатро аз парокандаги рахо намудааст. Дар раванди баргузории Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва то хол Асосгузори сулху вахдати миллй — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон миллати точикро аз парокандагй ва нестшави рахо намуда, сулху вахдат ва истиклолияти комилро ба мо хадя намуданд. Вахдати милли ин хамдигарфахмй, мехру мухаббат, осоиштаги ва сулху субот аст. Махз хамин суботи сиёсист, ки хар яки мо бо хадафхои ба худ гузошта ноил мешавем. Сулху вахдат шахеро бо якдигар наздик карда, барои рушд ва бехбуд бахшидани сатхи зиндагй шароит фарохам меорад. Агар дар давлате, ки суботу оромй ва Вахдати милли поянда набошад, хеч фарде муваффак, шуда наметавонад. Дар давлате, ки сулху субот хукмфармост, албатта, сайёхони дохилу хорич ба он сарзамин ташриф оварда, аз тарих ва фарханги он миллат огох шуда, онро муаррифи намуда, дар рушди иктисодию ичтимоии он сахми бориз мегузоранд, ки он боиси бехтар шудани сатхи зиндагии ахоли ва пешрафти давлат мегардад. Ба хамагон малум аст, ки баьди ба даст овардани Истиколияти давлатй Чумхурии Точикистон дар кадом вазъият карор дошт, яне вазъи сиёси ноором буд гуруххои тундрав намехостанд, ки вазъи сиёсй дар сарзамини Точикистон ором бошад. Худованд ба ин миллат шахсеро мувофик донист, ки барои нигох доштани ин Ватан, ин сарзамин хизмати бузургеро ба чо орад. Ба бахти миллати мо шахси нексиришт, кахрамони миллй, фарзанди фарзонаи диёр мухтарам Эмомали Рахмон Рохбари давлати Точикистон гардид ва давлати точикистонро аз парокандашави начот дод. Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон оромй ва сулху суботро дар ин сарзамин фарохам овард. Хаминро бояд кайд намуд, ки яке аз суханони мухтарам Эмомали Рахмон ин буд, ки «То охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам ман худамро хамчун Президент ором хис намекунам», Хамин максадхои неки мухтарам Эмомали Рахмон ва кушишу захматхояш буд, ки соли 1997 Созишномаи истикрори сулх, имзо гардид. Кобили кайд аст, ки бо шарофати оромиву осудаги ва вахдату якдили, ин миллати механпараст тавонист, ки кадамхои устувори худро дар рушди иктисоди, ильтимой ва фарнангй мустахкам намуда, онро дар сатхи байналмилалй муаррифи намояд. Бо гузашти солхо ба хамагон малум шуд, ки сулху сафо боиси ободиву пешрафти ин Ватани бихиштосо шуд. Хар як фарди ватандуст дарк мекунад, ки Вахдати милли асоси рушди ильтимой, иктисоди ва фархангй ба хисоб меравад. Бо рохбарии хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон давлати Точикистон ба як кишвари пешрафта дар микёси ИДМ ва чахон табдил ёфт.

Раҳмонзода Фаррух Абдулқосим

Пристави Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ