ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ


Рӯзҳои 19-20 июли соли ҷорӣ дар Осоишгоҳи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор дар мавзӯи “Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Тренинги мазкур бо ибтикори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GmbH GIZ) баргузор гардид.
Ба ҳайси тренерон судяҳои Суди Олӣ Пӯлодӣ М.К., Аланазарзода Ш.  баромад намудаанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин коршиноси байналмилалӣ аз суди апеллятсионии шаҳри Кишинёв А.Бостан иштирок намуда, бо шунавандагони тренинг оид ба таҷрибаи байналмилалии расмиёти маъмурӣ муҳокимарониҳо сурат гирифтанд.