ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Имруз ба ифтихори «Рузи модар» бо ташаббуси макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия бо иштироки раиси нохия мухтарам Мирзозода Нурулло Абдулхай ва дигар шахсони расий дар толори Филармонияи мардумй ба номи устод О.Хошимов барномаи фархангй тахти унвони «Модар — фуруги мехр» доир гардид. Нахухст, дар сахни Филармония намоиши дастранчу хунархои мардумй, анвои хурокаву либосхои миллии омоданамудаи занони хунарманди нохия гузошта шуд. Зимни боздид раиси нохия ба мехнату дастранчи бонувони хунарманд бахои баланд дода, бахри рушди сохаи хунарманди тавсияхои судманд доданд. Сипас, дар толори Филармония бо иштироки бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторхои гуногуни нохияви дар мачмуь намояндагони кишрхои мухталифи чомеа чорабинии тантанави идома ёфт.

Бо камоли эхтиром сухани табрикоти ба раиси нохия мухтарам Мирзозода Нурулло Абдулхай дода шуд. Раиси нохия зимни баромади худ кайд намуд, ки ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар огози фасли зебои бахор ва дар арафаи соли нави ачдодй тачлил мегардад, ба тамоми модарону бонувон ва хамватанон саломативу хушбахтй ва хонаободиву саодати рузгор орзу намуданд. Тавре зикр гардид, модар чароги нурбахшу сафобахши хар як хонадон, ганчи бебахо ва фариштаи илохиест барои фарзанд. Хамзамон рисолати модар дар пос доштани фархангу адабиёт, забону хуввияти милли ифода меёбад, яне тарбияи хар фарзанд низ бар души модар аст. Ободии хар хонадон ба хиради созандаву неруи тавонои офарандагии зан — модар бастагии бевосита дорад. Аз ин чост, ки хар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар хар давлату чомеа дониста мешавад.
Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон масьалаи тамини хукуку манфиатхои занону модаронро хамеша дар маркази диккат карор дода, чихати бехтар гардонидани вазъи ичтимои занону модарон, хифзи хукуки оила ва модару кудак, фарохам овардани шароити мусоиди зиндагиву кори барои бонувону модарон ва мухимтар аз хама, харчи бештар ба раванди идораи давлат чаль намудани онхо ва баланд бардоштани накши ичтимоии занону бонувон хамаи тадбирхои заруриро амали намуда истодааст. Хамчунин, дар ин руз як катор занони фаволи ташкилоту муассисахо бо Сипоснома ва дигар тухфахои тасис намудаи рохбарияти нохия кадрдонӣ гардиданд. Сипас бахри болидарухии бонувону модарон ва иштирокчиён дастагули суруду таронахои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки хунармандони бахши фарханги пешкаши хозирин гардонида шуд.