НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 08 август дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар оғоз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки мақомоти судии кишвар бо мақсади амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар нимсолаи якуми соли 2024 корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Чунончӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 94303 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 24611 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида 6811 ададро парвандаҳои маданӣ, 21332 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5928 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 48931 ададро парвандаҳои маъмурӣ, 4416 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 3096 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 885 шахс баррасӣ шуда, аз онҳо ба 877 шахс ба маблағи умумии 6.079.473 сомонӣ ҷарима татбиқ карда, 8 парванда қатъ карда шудаст.

Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба 27248 адад расида, бо 25021 парванда қарор қабул карда, 240 парванда қатъ карда, барои ба расмиятдарории нав 1821 ва аз рӯи тобеияти идоравӣ 166 парванда ирсол карда шудаст. Дар маҷмӯъ ба 3681 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 21340 шахс ба маблағи умумии 4.653.676 сомонӣ ҷарима таъин карда шудаст.
Шумораи умумии баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17487 адад зиёд гардидаст.

Бояд зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ судҳои ҷумҳурӣ ба масъалаҳои қабули таъинотҳои хусусӣ, гузаронидани ҷамъбасти амалияи судӣ ва ирсоли пешниҳодҳои дахлдор ба мақомотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар фаъолият намуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар маҷмӯъ 18341 адад таъиноти хусусӣ бароварда, 435 ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида, ба мақомоти дахлдор 688 адад пешниҳод ирсол намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2936 адад таъиноти хусусӣ ва 20 адад ҷамъбасти амалияи судӣ зиёд мебошад.

Ҷиҳати амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шаҳрвандон вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро фаҳмонданд.

 

Баҳри ташвиқу тарғиби қонунҳо ва ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо, судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 20455 адад парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда, тариқи телевизиону радио 2967 маротиба баромад ва дар рӯзномаю маҷаллаҳо 1007 хабару мақолаҳо ба нашр расониданд, ки ин нишондодҳо мутаносибан нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта, 7939 адад мурофиаҳои сайёри судӣ, 414 адад баромад ва 88 адад хабару мақолаҳо зиёд мебошад.
Дар баробари ин, бо мақсади сазовор таҷлил намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар 8049 чорабиниҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ баргузоршуда иштирок ва суханронӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1147 адад зиёд мебошад.
Тариқи шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» бо иштироки кормандони мақомоти судӣ 8 барномаи ҳуқуқии «Мурофиа» ва тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» 18 барнома таҳти унвони «Ҳуқуқи Шумо» пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.
Инчунин дар ин давра аз фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ 19 барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Додгоҳ» сабт ва тариқи телевизиони «Ҷаҳоннамо» пахш карда шуданд.

Ба ғайр аз ин, судяҳо дар 12 барномаи таҳлиливу ҳуқуқии «Инсон ва қонун»-и телевизиони «Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои дахлдор пешниҳод намуданд.

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ 24 барномаи «Маърифати ҳуқуқӣ»-и Радиои «ҒМ-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» сабт ва дар мавҷи радиоӣ пахш карда шуданд.