МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — АСОСИ ПЕШРАФТИ ЧОМЕАИ ШАХРВАНДИ


Имуз дар асоси накшаи чорабинихои тасдикшуда дар толори Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Хошимови нохия хамоиш оид ба баланд бардоштани марифтаи хукукии шахрвандон доир шуд. Дар кори он муовини раиси нохия Д.Мухуддинзода, Судияи Суди Конститутсонӣ Кувватзода Фотех., муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати Адлияи ЧТ Абдухоликзода А., Рачабзода Давлат намояндаи Вазорати Адлияи ЧТ., Гулзода Абдумачид Рохбари дастгохи Суди Конститутсионии ЧТ., Шарифзод Абдулазиз намояндаи Вазорати Адлияи ЧТ иштирок ва суханрони намуданд. Нахуст, муовини раиси нохия Д.Мухуддинзода чорабиниро ифтитох, намуда суханро ба Судияи Суди Конститутсонӣ Кувватзода Ф дод. Сипас, Ф.Кувватзода ба сухан баромада, хозиринро ба донистану дарк намудан, баланд бардоштани матрифати инсонию хукуки дават намуд. Иброз гардид, ки амали намудани меъёрхои Конститутсия имкон дод, пояхои устувори чомеа ва давлат созмон ёбанд, сулху оромй, суботи сиёсй ва вахдати милли тахким бахшида шаванд, рушди устувори иктисодй тамин гардад, барои хар як шахрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мухайё сохта шавад. Дар вокеь дар хама давру замон асоси пешрафти чомеахои мутамаддин риояи конуну коидахои адолатманишу инсонмехвар будааст. Рушди бонизоми хаёти сиёсй, иктисоди, ичтимой ва фархангии чомеаро бе мавчудияти тартиботи чамьияти, афзалиятит хукуку озодии инсон, риоя ва эхтиромгузорй нисбат ба арзишхои инсонй ва монанди ин тасаввур намудан гайриимкон аст. Бадан муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати Адлияи ЧТ Абдухоликзода А ба сухан баромада, кайд намуданд, ки яке аз дастовардхои мухимтарини замони сохибистиклолии кишвар ин кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон мебошад. Конститутсия хамчун хуччати олии хукуки тавонист, ки рисолати хукукро амали намуда, заминаи бунёди низоми хукуки ва конунгузории кишвар гардад.

Дар Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон бо назардошти гиромидошти ин хуччати мухимми сиёсй-хукукй иброз доштанд, ки бахшида ба 30- солагии кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон соли 2024 хамчун соли «Маърифати хукукй» эълон карда шавад. Пешвои миллат, матарам Эмомали Рахмон дастур доданд, ки тамоми сохтори давлати, аз чумла макомоти хифзи хукук бояд хамаи захираю имкониятхоро чихати тамини тартибот ва волоияти конун барои соли 2024, ки 30-солагии кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон тачлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро аввалин Конститутсияи Точикистони сохибистиклол, ки заминаи эмори давлати мустакили милли ва пешравии тамоми чанбахои хаёти мардуми мамлакатро фарохам овардааст, яке аз дастовардхои мухимтарини мо мебошад.
Дар интихо муовини раиси нохия Д.Мухуддинзода хамоишро чамьбаст намуда, такид доштанд, ки барои дуруст тарбия намудани фарзандон ва назорат аз болои онхо вазифаи чонию имонии хар як падару модар буда, барои хифзи истиклолияти давлати ва суботу оромии мамлакат онхо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиханд. То рафт шиддат гирифтани гуруххои ифротй, хизбу харакатхои террористиву экстремистй чомеаи чахонро ба ташвиш оварда, ба истиклолияту амнияти баззан кишвархо тахдид намуда истодаанд. Аз падару модарон, бахусус ахли нишат дават ба амал оварда шуд, ки бо фарзандони хеш, ки дар мухочирати мехнатй карор доранд мудом дар робита буда, аз холу ахвол, буду бош ва шароти кори онхо пурсон бошанд. Зеро тасири гуруххои ифроти дар кишвархои бегона махз тавассути мухочирони мехнати ба рох, монда мешавад. Дар фарчом ба як зумра нафароне, ки дар татбик гардидани «Соли марифати хукукй» чахду талош ва неруи худро сафарбар намудаанд Сипономаву Ифтихорномахо такдим гардид.