Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рузи кормандони мақомоти суди»

Имрӯз, 26 октябри соли 2023 дар суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» доир гардид. Маҷлиси тантанавиро раиси суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шукурзод Н.Т. кушода, ҳайати суд ва дар симои онҳо тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти судиро бо ин рӯзи фархунда муборакбодӣ намуда, ба онҳо таманниётҳои неки худро орзу намуданд. Раиси суд дар баромади худ қайд намуданд, ки пас аз ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 02.01.2018 сол таҳти № 1480 26 октябр – «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» муқаррар карда шудааст.
Суд дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимият эътироф  карда шудааст, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Контстутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.