КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Имруз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Хошимов ба ифтихори Рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон чорабинии тантанавй баргузор гардид. Дар чорабинии идона Раиси нохия  Мирзозода Нурулло Абдулхай, муовинони сохави, рохбарони макомоти хифзи хукук, мудирони шубахои МИХД-и нохия, рохбарони ташкилоту муассисахо, маориф, фарханг, тандурустй, раисони Чамоатхо ва фаъолони нохия иштирок намуданд.
Сипас, дар толори Филармонияи мардумй чамьомади тантанави доир гардид. Раиси нохия мухтарам Мирзозода Нурулло Абдулхай баромад карда, кайд намуданд, ки Конститутсия — Конуни асосии давлати сохибистиклоламон буда, кишварамонро дар арсаи чахонй кавитару мустахкамтар гардонида, моро бо чомеаи чахони хамчун давлати мустакили дорои низоми мукаммали сиёсиву хукуки муаррифи намуд, ки дар он инсон ва хукуку озодихои у арзиши оли буда, барои шароити зиндагии арзанда ба хар шахс заминахои устувори ичтимоиву иктисодй гузошта шуданд. Конститутсияи мо дар худ мухимтарин принсипхои демократии аз чониби чомеаи башарй этирофшударо тачассум намуда, баробарии хамародар назди Конун эълон доштааст. Бадан раиси Суди нохия муҳтарам Шукурзод Назрулло Тағайбобо суханрони намуда, зикр карданд, ки вокеан хам, Конститутсияи кишвар » Шаходатномаи миллат» ба хисоб рафта, зарур аст, ки хар як фард бояд хар як моддаи ин хуччати сарнавиштсозро бидонад.
Дар охири чорабини ба як зумра рохбарону фаъолон ва пешкадамони истехсолот медалхои чашни ва «Сипоснома»-хо супорида шуд. Дастаи хунармандони Филармонияи мардумии нохия бо суруду таронахои дилошуби худ хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.