ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ХАРБИ

Имруз, 2 апрели соли 2024 дар майдони ба номи Исмоили Сомонии маркази нохия бо иштироки раиси нохия мухтарам Мирзозода Нурулло Абдулхай, кормандони МИХД-и нохия, макомоти хифзи хукук, комиссари харбии нохия, собикадорони мехнат, намояндагони ташкилоту муассисахо, кормандони Чамоатхои дехот, мехмонону волидайни, дустону наздикони наваскарон, чанговарони башардуст хонандагону донишчуён, сарбозону афсарони кисмхои харбии мустакар дар нохия ба муносибати «Рузи даватшаванда» чорабинии идона баргузор гардид. Дар огози чорабинии идона раиси нохия мухтарам Мирзозода Нурулло Абдулхай баромад карда, хамаи хозирин ва наваскаронро ба «Рузи даватшаванда» табрику тахният гуфта, кайд кард, ки хизмат дар сафи Куввахои Мусаллахи мамлакат барои хар як чавони бонангу номуси диёр карзи шанрванди ва мактаби чавонмардист. Ба хамаи шумо, наваскарон рохи сафед, икболи нек ва хизмати шоиста хохонам. Бадан, раиси Шурои собикадорони чангу мехнати нохия Шариф Рахимов баромад намуда, хизмат дар сафи Артиши миллии кишварро мактаби мардонагй номида, хамаи иштирокчиени чорабиниро ба ин рузи фаромушнашаванда муборакбод гуфт. Хамчунин , як зумра падарону модарон ва чавонони навдаъватшаванда баромад карда, аз он изхори хушнудй намуданд, ки Сарвари муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон барои хизмати сарбозон бехтарин шароитхоро намудаанд. Варзишгарони навраси мактаби варзишии нохия ва сарбозон дар назди иштирокчиёни чорабинии идона машкхои варзиши ва харбиро бо махорати баланд намоиш доданд. Сипас маросими «Нонгазон» аз чониби занону бонувони нохия сурат гирифт ва духтарони маркази шахрак ба наваскарон руймолча хадя намуданд. Кобили кайд аст, ки наваскарон ба таври ихтиёрй ба сафи Куввахои Мусаллахи мамлакат ариза пешниход намуданд.Дар фарчом дастаи хунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Хошимов хотири иштирокчиёни чорабинии идонаро ба муносибати

« Рузи даватшаванда» болида гардониданд.