Иттилоот Хабарҳо (Page 7)

Хабарҳо

16 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми
Суратгузориш аз рафти баргузории мусобиқаи футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, барои дарёфти Ҷоми прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон. Бози байни дастаи Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дастаи Кумитаи давлатии Амнияти  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳисоби умумӣ 4:3 ба фоидаи Суди ноҳия. […]
Суратгузориш аз рафти баргузории мусобиқаи футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, барои дарёфти Ҷоми прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон. Бози байни дастаи Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дастаи Хадамоти давлатии муҳофизаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳисоби умумӣ 4:1 ба фоидаи Суди ноҳия
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Нӯҳуми май мардуми кишвари мо дар радифи дигар халқҳои сулҳдӯсти сайёра яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат, пеш аз ҳама, иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми ватандӯсту сулҳхоҳи […]
Ташаккур, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич. Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Хонумҳо ва ҷанобон, Нахуст, мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои даъваташон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистони дӯст сидқан изҳори сипос намоям. Ҳамчунин, ба Шумо муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич барои сарфароз гардонидани
11 марти соли 2023 дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаласаи 18-уми Раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои  судҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус
Имрӯз, 24 ноябри соли 2022 дар Суди Олӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, қайд намуданд, ки Парчами Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба
Сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолорию фарҳангпарварӣ, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон,