Ҷамъомади фаъолону аҳли улламо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Ҷамъомади фаъолону аҳли улламо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки таҳти Раёсати Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии вайроншавии оилаҳо, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ баргузор гардид, дар кори он раиси суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исозода Баҳодур Чиллахон иштирок ва суханрони намуд. Дар аснои баромади худ Исозода Б.Ч. ба эмомхатибон, мудирони бахши занону САҲШ ва танзими ҷашну маросимҳо дар ноҳия рӯ оварда, эшонро барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати пешгирии вайроншавии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмонидани мӯҳтавои қонунҳои миллӣ даъват намуд. Мавсуф иброз дошт, ки агар эмомхатибону фаъолон ва масъулини бахшҳо дар ноҳия самти фаъолияти худро дуруст ба роҳ монанд, ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастани ҷавонон афзоиш ёфта, содир гардидани кирдорҳои зиддиҳуқуқи ва сатҳи бекоршавии ақди никоҳ дар ноҳия коҳиш меёбад. Дигар баромадкунандагон низ доир ба самтҳои алоҳида ибрози андеша намуданд.