ҶАВОНОН ВА РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО

Идомаи сӯҳбату мулоқотҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раиси Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исозода Баҳодур Чиллахон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия М. Сайдмуминзода дар МТМУ рақами 19-и Ҷамоати деҳоти Чубек баргузор шуд.
Нахуст, мудири шуъбаи маорифи ноҳия М. Сайдмуминзода ба сухан баромада меҳмнонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, раиси суди ноҳия Исозода Баҳодур ба сухан баромада, оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак » ва кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои самараноку оқилона истифода намудани нерӯи қувваи барқ ҳарф заданд. Зикр карданд, ки
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ буда, итоат аз қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асоси тамоми пешрафт ва музафариятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муосири Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо қабули қонунҳои миллӣ ва тағйиру иловаҳо дар Конститутсия ва қонунҳои меъёриву ҳуқуқӣ, имкон фароҳам оварда шуд, ки сокинони шарафманду бо саодати кишвар дар ҳимояи қонун бошанд. Дар ин замина ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бо ташабус ва иқдоми Роҳбарияти суди ноҳия силсила вохӯриҳо доир гардида истодааст. Мақсад аз баргузории мулоқоту вохўриҳо ин ғанӣ сохтани дониши хонандагон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Баъдан, Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ давоми сӯҳбатро идома дода, қайд намуданд, ки сулҳу ваҳдат, истиқлолияти комили кишвар ин натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд, талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба шумор рафта, аз мову шумо ҳифзи онҳо тақозо карда мешавад.
Зеро дар замони имрӯза баъзан кишварҳо ба амнияту суботи дигар кишварҳо таҳдид намуда, аввал ҷавонони соддаву нодони онҳоро гумроҳ сохта, эшонро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб месозанд. А. Муродӣ дар давоми сӯҳбат аз шеърҳои баландмазмуни худ, ки дорои ҳисси баланди ватандўстиву ватандорӣ мебошанд, мисраҳо қироат намуда, онҳоро барои ҷавонон ва аҳли нишаст таҳлилу баррасӣ карданд.
Дар интиҳо аз тарафи раиси суди ноҳия Исозода Баҳодур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ба хонандагони фаъол тӯҳфа ва ашёҳои варзишӣ тақдим шуд.