ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ 04.11.2025

Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони соҳавӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай кушода, ҳамаи ҳозирин ва сокинони ноҳияро ба Рӯзи Конститутсияи мамлакат табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки таърихи начандон дури давлатдории миллатамон гувоҳ аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, замони вазнини бенизомиву беқонунӣ қабул гардида, ин ҳодиса шаҳодат аз он медиҳад, ки ин миллат-миллати воқеан ҳам, соҳибиродаи инсонгаро, сулҳҷӯву сулҳпарвар ва дорои накӯтарин сифатҳои олии башарӣ буда тавонистааст, ки дар чунин вазъияти мураккаби сиёсӣ санади бениҳоят муҳиму тақдирсозро барои ояндаи дурахшони халқи кишвар қабул намояд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназир ва арзишманди халқу миллати мост, ки тавассути он мо тавонистем дар як замони кӯтоҳ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоем. Ин рӯйдоди муъҷизаангези бузург бори дигар собит намуд, ки мо, тоҷикон ҳамеша номбардорони роҳи қонуният, адолат ва баробарием. 6 ноябри соли 1994 ҳамчун рӯйдоди дорои аҳамияти таърихиву сиёсӣ ва фаромӯшнашаванда барои абад дар саҳифаи таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Мустаҳкамтарин пояи давлат Конститутсия ба шумор рафта, бе низоми ҳуқуқӣ ва бе танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ягон давлат наметавонад пойдору устувор боқӣ монад.
Баъдан, раиси Суди ноҳия Исозода Баҳодур Чиллахон ба сухан баромада, қайд намуданд, ки маҳз қабули ин санади олӣ ба устувории муносибатҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ кафолати комили амалишавӣ медиҳад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.
Тaҷрибaи қaбули Конститутсия дaр дaвлaтҳои ҷaҳон, aз ҷумлa дaр Тоҷикистони мо бaръaло нишон медиҳaд, ки он ҳaмчун ҳуҷҷaти бисёр муҳими сиёсӣ вa сaнaди олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли дaвлaтӣ робитaи ногусaстaнӣ дорaд.
Тaвaссути рaъйпурсӣ қaбул гaрдидaни Конститутсия дaр тaърихи рушди конститутсионии кишвaрaмон тaҷрибaи нодир вa нaхустин буд, зеро конститутсияҳои қaблӣ aз ҷониби нaмояндaгони мaрдумӣ дaр пaрлaмент қaбул гaрдидa будaнд.
Дар интиҳо суруду таронаҳои дилошӯби ватандустии бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 