ПУШАЙМОНИ НАДОРАД СУД

ПУШАЙМОНИ НАДОРАД СУД

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ва давлатро
ҳимоякунандаи он муқаррар намуда, ҳар касро барои ташкили оила ҳуқуқи баробар додааст.
Воқеан оила такягоҳи давлат аст ва ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад.
Аз инҷост, ки муносибатҳои оилавӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, дар ҳар як ироаи Паймҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси
Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ин масъалаи муҳими
ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҳамзамон як қатор барнома ва стратегияхои давлатӣ дар ин самт қабул гардидааст, ки
ҳадаф пешгири аз пошхурии оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон ва баланд
бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ мебошад.
Новобаста аз андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт аз ҷониби ҳукумату давлат ва
дигар мақомотҳои дахлдор, инчунин бурдани ташвиқу тарғиботи ҳуқуқӣ аз ҷониби намояндагони ҳокимияти судӣ ва пайваста гузаронидани мурофиаҳои сайри судӣ, ҳастанд нафароне дар ҷомеа, ки ба қадри ин рукни муҳиму муқаддаси ҷомеа ва асоси пойдории давлат, яъне оилаи солим нарасида, натанҳо кирдору амалҳои онҳо оиларо ба вайрони бурда мерасонад, ҳато аз
амали нангини онҳо яке аз қаҳрамонҳои оила аз ҳаёт маҳрум мегардад. Оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона бошад, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт. Вале боз ҳам ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад.

Тамоми фарзандони одам нигаҳбону сарваранд, мард сарвари хонавода ва зан бону, сарпарасти хона аст. Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст.
Аз зумраи ин гуна шахсони бехирад, Нуралиев Абдусамад Абдулҳадович мебошад, ки у
зода ва итсиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷамоати деҳоти С.Турдиев деҳаи Сомониён буда, дар гузашта барои содир кардни кирдорҳои зидди ҳуқуқӣ равонаи
зиндон гаштаву дафтари аъмолаш доғдор гардидаст, вале аз ин ба худ хулосаҳои зарурӣ набароварда, боз даст ба содир намудани ҷинояти махсусан вазнини қасдона задааст.
Чунончӣ, ӯ рӯзи 05 декабри соли 2025 тахминан соатҳои 18:00 дақиқа бинобар сабаби вазъи оилавӣ бо ҳамсараш Ахмедова Оростамо Тағоевна дар дохили манзили истиқоматиаш ҷангу
ҷанҷол карда, номбурдаро қасдона бо мушт якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими бадан, яъне сараш лату куб намуда, аз ин қаноатманд нашуда, боз ба воситаи тахтачуб ба
тамоми узвҳои баданаш зарба задааст, ки номбурда ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ
бардошта, санаи 06.12.2025 сол, дар манзили зисташ бо сабаби доштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гунаҳгории Нуралиев Абдусамад
Абдулҳадович дар ин ҷинояти сангин исбот гардида, нисбати у бо моддаи 110 қисми 3
бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан
расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби шахсе, ки дар ҳолати ретсидиви хавфнок
қарор дорад, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст ва бо моддаи 127 қисми 2
КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар хатар монондан, ки аз
беэҳтиёти боиси марги ҷабрдида гардидааст ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба
муҳлати 16 солу 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар калониҳои ислоҳии дорои низоми сахт
таъин карда шуд. Дар мурофиаи кушоди сайёри судӣ , ки бо иштироки зиёди ҳамдеҳагону наздикони маҳкумшуда баргузор гардид, дар охирсухани худ Нуралиев А. аз аҳли деҳа ва намояндагони ҷабрдидаи марҳум узрхоҳи карда сидқан пушаймониашро иброз дошт, вале чи илоҷ, ки пушаймони надорад суд. Зеро қонунгузории ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст, ҳамчун чораи маҷбуркуниии давлатӣ ҷазо пешбини намудааст. Исозода Б. Ч. Раиси суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ